Душанбе. 20-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - С убҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод. Заминларза соати 7-у 55 дақиқаи вақти Душанбе ба амал омада ,маркази он дар масофаи 350 километрии самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар Помир воқеъ буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан

  4-5 баллро ташкил дод.

Қувваи зилзила дар шаҳри Душанбе қариб ба 2-3 балл баробар буд. То ҳол дар бораи хисороти заминларза маълумоте ба даст наомадааст.

Қобили зикр аст, ки дар моҳи сентябр дар Тоҷикистон бори чаҳорум аст, ки ҳодисаи заминларза рух медиҳад.