Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Тоҷикистон заминҷунбии навбатӣ рух дод. Тавре аз маркази зилзиласанҷӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, он дар соати 8-у 50 дақиқаи субҳи имрӯз ба вуқӯъ пайваст.

            Маркази заминларза дар 8 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буд. Шиддати заминларза дар маркази он ба 3 балл ва дар шаҳри Душанбе ба 2 балл баробар шудааст. Дар бораи осеб ва талафоти ҷонӣ маълумоте дастрас нашудааст.

            Ёдрас мекунем, ки дар моҳи сентябр ин панҷумин ҳодисаи заминларза дар ҷумҳурӣ мебошад.