Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз дар бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад.

Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ошёнаи дуввуми бино оташ гирифтааст. Феълан сӯхтор хомӯш карда шуда, вале дар дохили бино то ҳанӯз дуди ғализ ба мушоҳида мерасад.

«Айни замон дар ҷои ҳодиса гурӯҳи махсусе оид ба муайян кардани ҳаҷми майдони сӯхтор, маблағи хисорот ва сабаби сар задани сӯхтор машғули кор аст», - изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки аз сӯхтор касе осеб надида, он талафоти ҷонӣ низ дар пай надоштааст. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ карда шуд.