Дар кӯлу дарё ва обанборҳои Тоҷикистон то 20 июл 41 нафар ғарқ шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумита, наҷотдиҳандагони Воҳиди таъиноти махсуси Раёсати дар вилояти Суғд дар боғи фарҳанг ва истироҳати “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд, ки як ҳавзи калони об ҳам дар он мавҷуд аст, диданд, ки марде ғарқ мешавад. “Прапоршик Зарифҷон Раҷабов бо як чолокии пешбининашаванда худро ба об андохт ва ба зудӣ ба мард наздик шуд ва ӯро аз марги эҳтимолӣ наҷот дод. Маълум шуд, ки ӯ як сокини 29-солаи деҳаи Хайрободи ноҳияи Зафаробод буда, дар ҷойи мамнуъ барои шиноварӣ оббозӣ мекард”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, марди наҷотёфта, баъди он ки ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расонданд, аз рафтан ба бемористон барои ташхис худдорӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумита ду маротиба барои наҷоти ҷони афроди ғарқшуда аз маҳалли будубоши худ берун шуданд. Аз ҷумла, соати 17:45 дақиқаи рӯзи 19-уми июн хабар расид, ки дар дарёи Варзоб як мард ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ӯро соати 19:21 дақиқа аз зери об берун оварданд. Ӯ як сокини 39-солаи пойтахт будааст. Ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ташхиси сабабҳои марг супурда шуд.   

Шаб, соати 21:45 дақиқа хабар расид, ки дар ҳавзе воқеъ дар ҳудуди бӯстонсарои “Маҳмудиён”-и маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ марде ғарқ шудааст. Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ғарқшударо, ки сокини 54-солаи деҳаи Гултеппа будааст, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.  

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.