Нимаи рӯзи 23 июл дар қаламрави бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд таркиш ба амал омад.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан, ки ба соҳибкори маҳаллӣ Фирӯз Мирзоев тааллуқ дошт, рух дод.

Гуфта мешавад, бинобар гармии ҳаво як адад зарфи кислород таркида, ба сар задани сӯхтор боис гардидааст.

“Дар натиҷаи он 2 нафар ба беморхона дастрас гардида, 8 нафари дигар баъди муоинаи тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки хушбахтона, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.