Бар асари омадани сел шоми рӯзи 25 июл ба иншооти хоҷагидорӣ ва манзилҳои сокинони деҳаҳои Угук ва Овчии ноҳияи Деваштич зарар расид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ Тоҷикистон, тибқи маълумоти ибтидоӣ сел 15,76 га заминҳои кишти картошка, сабзӣ, ҷав, беда ва 5 пулро дар деҳаи Овчи хароб кардааст.

“Аз сел 13765 метр хатти обҳои нӯшокӣ ва полезӣ (40 дона қубури азбест), 5 км роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо ва 2 км роҳи ноҳиявӣ зарар дида, ҳамчунин селу лойқа ба 13 таҳхонаҳои манзили истиқоматии сокинони деҳаи Овчи ворид шудааст”, - омадааст дар маълумоти Кумита.   

Гуфта мешавад, айни ҳол Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Деваштич дар ҷои ҳодиса фаъолият дошта, бартарафсозии паёмадҳои сели харобкор идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, қарибиҳои шоми рӯзи 26 июл бар асари борони пуршиддат дар километри 128 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Айнӣ сел омад, ки дар натиҷа роҳи ҳаракати нақлиёт дар мавзеи зикршуда муваққатан баста шуд.

Зикр мешавад, ки бо ҷалби 3 адад техникаи муҳандисӣ, боркунаки фронталӣ ва 1 адад автогрейдер аз тарафи ширкати “IRS” баъди якуним соат ҳолати баамаломада пурра бартараф ва ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.