Сокини кӯчаи Шафақи пойтахт, навраси 17-сола рӯзи 4 август ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе дар мавзеи назди Маркази барқу гармидиҳӣ ғарқ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, гурӯҳи зудамали Раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса расида, якҷо бо сокинони маҳаллӣ ҷавонро аз об берун оварданд.

“То омадани мошини ёрии таъҷилӣ ҳама кумаккҳои аввалияи тиббӣ барояш расонда шуд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, аммо мутаассифона, дар роҳи интиқол ба бемористон наврас ҷони худро аз даст додааст.

Қобили зикр аст, ки аз замони оғози мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон 15 июн 50 нафар шаҳрвандони кишвар ғарқ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.