Бегоҳии рӯзи 8 август дар кӯчаи Сурхоби шаҳри Душанбе як крани борбардор, ки ба ширкати «Хиштрез» мутааллиқ будааст, чаппа шуда, болопӯши чанд бинои истиқоматиро хароб кардааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бар асари ин ҳодиса 2 корманди 22 ва 23-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, яке аз онҳо, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Вазъи солимии коргари осебдидаи 23-соларо, ки ӯ ҳам сокини пойтахт аст, табибон вазнини миёна арзёбӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, аз чаппа шудани кран ба боми баъзе манзилҳои наздики майдони сохтмон низ зарар расонида шуда, сокинони он осеб надидаанд.

Зимнан зикр шуд, ки ҳангоми чаппа шудани кран шахси идоракунандаи он дар ҷойи кориаш набудааст.

Комиссияи махсус сабабҳои чаппа шудани крани борбардор ва мизони зарари расида ба сокинонро таҳқиқ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.