Ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 26 август дар километри 118-уми роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ рух дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ронандаи автомашинаи сабукрави “Мерседес Бенз”, сокини 50-солаи деҳаи Зосуни ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина аз ҷарии 20-метра ба Фондарё чаппа мешавад.

“Баъди дарёфти хабари садама Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, 2 нафар мусофирони ҷароҳатбардоштаро аз дохили автомашина бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд”, - омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расилда, ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои рух додани садамаро таҳқиқ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.