Назокатхон Тоирова, зане, ки дар ноҳияи Кӯшониён чор фарзанди худро рӯзи 9-сентябри соли равон буғӣ карда кушта буд, барои муайян кардани ҳолати рӯҳияш ба Муассисаи давлатии беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ фиристода шуд.

Тавре як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, дар асоси хулосаи ташхиси додгоҳию равонпизишкӣ ва амбулатории Муасисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонии” назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмиоии аҳолӣ Назокатхон Тоирова барои муайян кардани вазъи равонӣ ва ин ки оё гирифтори бемории рӯҳӣ аст ё не, дар беморхонаи бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ  бистарӣ карда шуд.

Ба гуфти манбаъ мутахассисони ин беморхона муддате вазъи саломатии Назокатхон Тоироваро таҳти назорат гирифта, баъдан хулоса медиҳанд, ки ӯ гирифтори бемории рӯҳӣ аст ё не.

"Агар хулоса дода шавад, ки номбурда гирифтори бемории рӯҳист, дар ҳамин беморхона мемонад ва таҳти табобат қарор мегирад. Парвандаи ҷиноятӣ ба додгоҳ, бидуни айбдоршаванда ирсол карда мешавад. Агар хулоса дода шавад, ки ӯ солим аст, пас парванда бо фикри айбдорӣ ва худи Назокатхон ба додгоҳ ҳозир карда мешаванд",-гуфт манбаъ.

Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки барои ташхиси ҳолати равонии Тоирова замони дақиқе пешбинӣ нашудааст, шояд як ҳафта идома ёбад ва шояд як моҳ. Дар кадом муҳлат хулоса дода мешавад, инро мутахассисони беморхона муайян хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 сентябр сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ориёнои ноҳияи Кӯшониён Назокатхон Тоирова  бо роҳи буғӣ кардан чор фарзанди худро кушта, баъдан худаш ба ШВКД дар шаҳри Бохтар омада аз ин ҷиноят хабар медиҳад.

Ба гуфти як манбаъ аз прокуратураи вилояти Хатлон, ин зан дасту пои кӯдаконро баста, баъдан ба сарашон селофан кашида онҳоро бӯғӣ мекунад. Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки нисбати Назокатхон Тоирова бо модаи 104, қисми 2 банди “а”, “в”, “и” (куштор)  КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки модари ин зани гумонбар дар соли 2005 барои куштори шавҳари худ ва як нафари дигар бо модаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда, барои 20 сол равонаи зиндон шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.