Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо, ки дар он ҷавоне гӯё маҷбурӣ “облава” мешуд вокуниш кард. Ин ниҳод хабар медиҳад, ки ҷавони дар наворбуда на барои “облава”, балки барои дар сари роҳ ба талбандагӣ машғул шудан, аз сӯйи пулис, аз канори роҳ берун кашида мешуд.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди пулис инъикос ёфтааст. Муаллифи навор ҳодисаи мазкурро «ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)» шарҳ дода, баъдан ба як қатор расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.
РВКД мегӯяд, ки зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуда, ки шахсони дар навор буда, Бадриддин Пардаев санаи таваллудаш 1993 ва ҳамсраш Озода Халосоваи 25-сола сокинони шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Тулдара, деҳаи Баҳор оиладор, соҳиби 3 фарзанд будаанд.
Ҳодиса санаи 30 сентябри соли ҷорӣ, дар рӯ ба рӯи бинои Шарқи Озод, дар роҳи мошингард ҳангоми машғул шудани Пардаев ва ҳамсараш рух додааст, ки кормандони пулис хостаанд Бадриддин Пардаевро аз роҳи мошингард дур кунанд. Ба гуфтаи пулиси Душанбе "дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз роҳи мошингард ба канори роҳ бароранд".
РВКД дар шаҳри Душанбе мегӯяд ҳодисаро ронанда Насимҷон Латипови 26-сола, ки ба василаи телефони мобилиаш сабт карда будааст, "бо гузашти 6-7 рӯз навори онро носанҷида ба таври иғвоангезӣ ҳамчун «ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)» бозтоб дода, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст".
Ба навиштаи пулиси Душанбе "худи ронанда изҳор намудааст, ки ҳодиса санаи 30 сентбяр рух дода буд, ки ҳатто дар ин руз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз нагардида, муаллифи навор дидаю дониста ин хабари бардуруғро ҳамчун ҳодисаи «облава» паҳн намудааст".
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста