Дар доираи парвандаи ҷиноятӣ пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16 нафар боздошт шудаанд, хабар медиҳад Аif.ru бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии ВКД.

Бино ба маълумоти Интерфакс, мардони синни аз 19 то 65-сола: 3 шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистону Озарбойҷон боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, муноқиша рӯзи 20 октябр дар пайи баҳси ба бозори “Апраксин двор” расонидани бору маҳсулот рух додааст.

Тавре Невские новости менависад, пас аз муноқишаи лафзӣ як шахси номаълум аз силоҳи ҷароҳатдеҳ (травматикӣ) 5 маротиба ба сӯи марди 51-сола тирпарронӣ мекунад, ки дар натиҷа ӯ бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна дар бемористон бистарӣ шудааст. Шаҳрванди кадом кишвар будани ҷароҳатбардошта муайян карда мешавад.

Гуфта мешавад, барои муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода 16 нафар иштирокчиёни эҳтимолии он ба шуъбаи пулис оварда шудаанд. Даст доштани боздоштшудагон ба тирпарронӣ таҳқиқ мешавад. Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 213, қ. 2 КҶ Русия (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.