Дар километри 153-уми қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” зери идораи сокини 53-солаи пойтахт ба ҷарии қариб 900-метра сарозер рафт.

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ сабаби пешакии садамаро суръати хеле баланди автомашина унвон мекунад, ки дар натиҷа ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Гуфта мешавад, дар автомашина 3 нафар қарор дошта, наҷотдиҳандагони Кумита бо як душворие онҳоро аз автомашинаи паҷақшуда берун овардаанд.

“Мутаассифона, бар асари ин садамаи нақлиёт ронандаи 53-сола ва мусофирзани 31-солаи он, сокини ноҳияи Варзоб ҳалок шуда, мусофири дигар - сокини 23-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ оварда мешавад ва дар он ҷо ба ҳалокат расид”, - хабар медиҳад Кумита.

Кумита аз ронандагон боисрор дархост мекунад, ки зимни ҳаракат дар роҳҳо ҳушёру боэҳтиёт буда, меъёрҳои суръати муқарраршударо риоя намоянд.

Ҳамчунин тибқи иттилои ВКД Тоҷикистон, субҳи 30 октябр дар қаламрави деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб автомашинаи “Камаз-355102”  таҳти идораи Нуралӣ Таварови 62-сола пиёдагард, сокини маҳаллӣ Абдуҳалим Темурови ҳамсолаш пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз автомашинаи “БМВ”, ки онро Фаррух Сайвалиеви 22-сола идора мекард, дар кӯчаи Ҷалолиддини Румии пойтахт велосипедрон Саидҷон Ҷабборови 58-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.