Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи тирпаронии рӯзи 4-уми ноябри шаҳри Хоруғро шарҳ дод. Дирӯз дар шабакаи фейсбук корбаре бо номи Комчек Мирзоев бо гузоштани чанд акс навишта буд, ки "дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи аҳолинишин бе ягон асос тирпаронӣ карданд".
Ин корбари шабакаи иҷтимоӣ кормандони мақомотро ба он муттаҳам мекард, ки "ҳарчанд қонунгузорӣ тирпарронӣ дар ҷои аҳолинишинро манъ кардааст, хушбахтона ягон нафар аз сокинон осеб надид. Аз тарафи сокинон ягон муқобилиат ҳам нишон дода нашуд".
Дафтари матбуоти ВКД имрӯз ин ҳодисаро шарҳ дод. Бино ба навиштаи ин ниҳод "4-уми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, шаҳрванд Зикилобеков Сино Файзулобекович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хоруғи боло, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи №50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота», рақами қайди давлатиаш 00-05 ВЕ 07, дар дидбонгоҳи амалкунандаи БДА, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон, ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, ба самти шаҳри Хоруғ фирор менамояд".
ВКД ҳамчунин шарҳ дода, ки "ҳангоми пайгирии автомашинаи мазкур як гурӯҳ ҷавонон дар ҳайати 15 нафар, аз ҳисоби сокинони маҳаллаи Хоруғи боло ба фаъолияти қонунии кормандони БДА монеагӣ эҷод карда, нисбати онҳо муқобилият нишон додаанд. Бо мақсади пароканда намудани издиҳоми ҷавонон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба тарафи ҳаво тир парронда шудааст".
То кунун назари ҷониби Сино Зикилобеков ба расонаҳо дастрас нест, аммо аз ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ахбори муфассали ҳодисаи мазкур ба зудӣ нашр хоҳад шуд ва ҳоло бошад тафтишоти пешакӣ идома дорад. Инчунин манбаъ илова намуд, ки “то ҳол ҷавони фирорӣ боздошт нашудааст ва тирпаронӣ ба тарафи ҳаво низ ба хотири пароканда намудани ҷавонон буд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста