Падари Қандилҷон Воҳидов, яке аз ду сарбозе, ки дар рӯдхонаи Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни наҷоти як мактабхони маҳаллӣ ғарқ шуда буданд, мегӯд аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост кардаанд, ки ба ин кор расидагӣ кунад.

Искандар Воҳидов ба “Азия-Плюс” гуфти, ки онҳо рӯзи 9 октябр номаашонро ба унони Эмомалӣ Раҳмон ба  Дастгоҳи иҷроияи президент супурдаанд.  

Волидайни ин ду сарбоз аз он нигаронанд, ки қазияи ҷустуҷӯйи фарзандони онҳо то кунун чизеро равшан накардааст. Искандар Воҳидов мегӯяд, агар ин ду сарбоз ғарқ мешуданд дар таги об мебуданд, наход дар  муддати 40 рӯз як нишонае пайдо нашавад, ҳатто пойпӯше болои об набаромад ё ҷасадашон ёфт нашуд. “Мо диламон пур, ки писари мо дар дар хидмат аст, ҳадди аққал ба муроҷиатҳои мо аз қисми низомӣ ягон ҷавоб гӯянд. Ба ҳама ҷо муроҷиат кардем, аммо ягон натиҷа нест”,-  гуфт ӯ.

Охирнн умедамон ин муроҷиат ба сардори давлат аст, шояд пас аз ин муроҷат ягон рӯшание шавад,-мегӯяд ин падари сарбоз.

Ба иттилои расмӣ, Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, сарбозони қисми нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон, рӯзи 30-юми сентябри имсол бо ҳадафи наҷоти як хонандаи мактаб худро ба дарё партофта, ғарқ шудаанд.

Номаи модари Қандилҷон Воҳидов

Аммо наздикони  Сироҷиддин Ятимов мегӯянд,  бори охир бо ӯ 28-уми сентябр суҳбат доштанд. Маҳастӣ Зуҳурова, хоҳари Сироҷиддин, пештар ба “Азия-Плюс” гуфта буд, бародараш он рӯз ба ӯ ваъда карда буд, ки пас аз чанд лаҳза тавассути Интернет аз маросими ҷамъбасти адои хизматаш акс мефиристад ва бо ҳамин бедарак шуд, то ҳол ягон хабаре нест.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон,  мегӯяд, ҷустуҷӯйи сарбозони ғарқшуда аз ҷониби маъмурони наҷот якҷо бо мақомоти Рӯшон ва сокинон идома дорад то ҳол, мутаассифона, ин ду ҷасад ҳанӯз ёфт нашудаанд. “Мо ҳатто ба ин кор ҷониби Афғонситонро ҷалб кардем ва то ҷасадҳо ёфт нашаванд кофтукоб идома мекунад”,-гуфт Умеда Юсуфӣ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.