Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Эшони Сироҷиддин ё Сироҷиддин Абдураҳмоновро ин ниҳод боздошт накардааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Сироҷиддин Абдураҳмонов аз сӯйи кормандони ВКД ё зерсохторҳои ин ниҳод боздошт нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ бо истинод ба пайвандони Эшони Сироҷиддин хабар дода буд, ки ин руҳонии маъруф аз сӯйи “маъмуори интизомӣ” бо худ бурда шудааст. Ҳамчунин ин манбаъ гуфтааст, ки “китобу компютераш”-ро низ бурдаанд.
То кунун боздошти ин руҳонии маъруфро ҳеч ниҳоди интизомие расман таъйид накардааст. Талошҳои “Азия-Плюс” барои таъйиди ин хабар дар ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид.
Бино ба иттилои нашршуда ҳамчунин баъзе аз шогирдону ҷонибдорони ин руҳонии маъруфро низ маъмурони интизомӣ бо худ бурдаанд.
То кунун далели боздошти дубораи Сироҷиддин Абдураҳмонов маълум нест, вале бори аввал ин руҳонии маъруф соли 2009 бо гуноҳи пайравӣ ва таблиғи ҷараёни дар Тоҷикистон мамнуъи “Салафия” боздошт шуда буд, ки дар соли 2010 барои 7 сол равонаи зиндон шуд.
Аммо соли 2013 Эшони Сироҷиддин ғайриинтизор бар асоси қонуни афв озод шуд. Ин руҳонии маъруф баъди озод шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо ба тавсифу таърифи амалкарду сиёсатҳои ҳукумат пардохт.
Солҳои ахир дар шабакаи Ютуб фаъол шуда буд ва ба суолҳои динии корбарон посух медод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста