Ҳафиз Юсуфӣ, сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар 56 солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ давоми ду ҳафтаи ахир дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Хуҷанд бо иллати сактаи қалб бистарӣ буд.

Ҳафиз Юсуфӣ охири моҳи октябри соли равон расман Сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шуда буд.

Дар Раёсати оташнишонӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сардорашон соати 04:00 саҳарии 17-уми ноябр аз олам даргузашт ва соати 11-и ҳамин рӯз ба хок супурда шуд.

“Сардор қаблан бемории қалнд доштанд. Ду ҳафта пеш сардорро бо бемории сактаи қалб дар Шӯъбаи эҳёи Беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ карданд.Субҳи имрӯз 17-уми ноябр дар ҳамин шӯъба зери дастгоҳи нафасдиҳӣ ҷон ба ҳақ супурданд. Инсони хело хуб буданд.”-гуфтанд дар Раёсат.

Ҳафиз Юсуфӣ ҳамаги баъди тахмин чаҳор моҳи Сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шуданаш вафот кард. Ӯ беш аз 33 соли умри худро дар вазифаҳои гуногуни РВКД дар вилояти Суғд гузаронидааст. Соли 1996 Мактаби олии милитсияи ВКД ҶТ-ро хатм намуда, баъдан солҳои 1987-1988 корманди ротаи Шуъбаи ғайриидоравӣ дар назди Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд буд. Солҳои  1988-2017 дар вазифаҳои гуногуни корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд кор кард.

Ҳафиз Юсуфӣ то замони сардори РХДО дар вилояти Суғд таъин шудан, қаблан сардори шӯъбачаи бақайдгирии имтиҳоноти ШБДА РВКД-и Суғд буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.