Александр Сёмин, гумонбар дар қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар мурофиаи навбатӣ, ки рӯзи ҷумъа, 20 ноябр дар Додгоҳи вилояти Маскав баргузор гардид, иштирок накард.
Тавре Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода ба “Азия-Плюс” гуфт, гуё бо сабаби пурра шифо наёфтани гумонбар, ӯ дар мурофиаи судӣ иштирок накард ва мурофиаро ба рӯзи дигар гузоштанд, ки ҳоло рӯз ва соати он низ маълум нест.
“Мурофиаи навбатиро интизор мешавем. Бо сабаьи беморӣ қотили фарзандам натавонистаат дар суд иштирок намояд. Аммо духтурон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ карда буданд. Хеле боварӣ доштам, ки ин охирин мурофиаи судӣ аст ва ман низ назди оилаи худ баргардам. Чун ман қаблан ҳам гуфта будам, ки то додгоҳ ҳукми одилона набарорад ва ин қотил ҷазо нагирад, ман наметавонам ба Ватан баргардам. Хеле руҳану ҷисман баъди ин суд хаста шудам. Боварии зиёд доштам, ки гумонбар ба ҳамаи суолҳо ҷавоб медиҳад. Вале ... ҷониби Сёмин даъво кардаанду боз судро ба вақти дигар гузоштанд”.
Падари Ҳувайд дирӯз дар суҳбат низ гуфта буд ки, ҷониби онҳо омода аст, ки далелҳоро ба додрас дар мавриди даст доштан ва гумонбар будани Александр Сёмин дар қатли Ҳувайдои хурдсол пешниҳод намоянд. Ва гуфта буд, ки боварь ба адолати додрас дорад ва умед дорад, ки ин охирин мурофиаи суди буда, қотили фарзандаш ҷазо мегирад.
Аммо Абдусалом Саидов ҳанӯз 1-уми октябр ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки гумонбари қатли духтаракаш дигар бемор нест ва пизишкон вазъи саломатии ӯро хуб арзёбӣ кардаанд.
Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли равон аз қатлу таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 2 сол .сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст. Падари Ҳувайдо афзуд, ки дар беморхонаи равонӣ қарор доштани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо сабаби то ҳол ҷазо нагирифтанаш ва тамдид шудани мурофиаи додгоҳӣ мебошад.
Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.
Аммо баъдан наздикони Сёмин ва вакили дифояш гӯё ба далели гирифтори бемории равонӣ будани ӯ кори мурофиаи додгоҳиро кашол доданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Билетҳоро бозпас медиҳанд”. Парвози тоҷикон ба Русия кам шудааст
Чӣ тавр оид ба кор дар Британияи Кабир маълумоти ройгон пайдо кардан мумкин аст?
“Ба фитнаву бало гирифтор нашавед!”. Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, эҳтиёткор бошанд
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста