Дар бозори марказии шаҳри Турсунзода рӯзи 15 декабр сӯхтор ба амал омада, дар натиҷа чанде аз мағозаҳои маҳсулоти рӯзгор ба коми оташ рафтанд.

“Мутаассифона, қоидаҳои зиддисӯхтор  аз ҷониби ҳамаи соҳибкорон риоя намешаванд”, - хабар дод як манбаи мо.

Сабаби сар задани сӯхтор то ҳол мавриди таҳқиқ қарор дошта, лекин расиши кӯтоҳи ноқили барқ дар яке аз мағозаҳо ҳамчун фарзияи асосӣ баррасӣ мешавад.

Тавре савдогарон хабар доданд, “дар бозор тез-тез интиқоли барқ қатъ гардида, боз ногаҳон бе огоҳӣ барқарор мешавад”.

“Бисёр вақт бидуни ягон огоҳӣ интиқоли он ногаҳон барқарор мешавад, - мегӯяд яке аз савдогарон. - Дар бозори мо натанҳо интиқоли барқ, балки об ҳам қатъ мешавад. Ягон шароити мусоид нест”.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, бо сабаби бетартибӣ дар рафҳои савдо, ки дар назди мағозаҳо ҷойгиранд, инчунин мавҷуд набудани об, оташнишонон дар хомӯш кардани сӯхтор душворӣ кашидаанд.

Одамон низ хеле зиёд дар ин ҷо ҷамъ омадаву ба аксбардорӣ дар телефон машғул шудаанд, ки ин ҳолат низ ба кори оташнишинон монеъа эҷод кардааст.

Бар асари сӯхтор чанде аз айвони рафҳои савдо ва тақрибан 5 мағозаи фурӯши маҳсулоти рӯзгор осеб дидаанд.

Аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён доад.

Айни замон интиқоли барқ ба бозор қатъ гардида, устохонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ кор намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.