Бар асари як садмаи нақлиётии мудҳиш субҳи 6-уми январ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара ронанда ва як мусофир дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, се тан аз мусофири дигар бо бардошти ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол ёфтанд.
Дар ин бора як манбаъ аз Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо ирсоли чанд акас ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ афзуд садама соати 6:40 дақиқаи 6-уми январ дар мавзеъи Арқаи ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара рух додааст.
“Мошини “Мерседес Бенс” ҳангоми ҳаракат аз самти Исфара ба Хуҷанд, ки онро ронандаи 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара идора мекард ба мошини “Дулан” бархурдааст. Ронандаи мошини боркаши “Дулан”, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ будааст”.
Ба гуфтаи манба бархӯрди мошинҳо ба ҳаде шадид будааст, ки барои берун овардани ҷасадҳо аз дохили мошини Мерседес Бенс зарур шудааст, ки ба наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулода муроҷиат шавад.
Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳандагони вилояти Суғд ба ҷойи рафта корҳои наҷотдиҳии садамаи техногениро гузаронидаанд. Манбаъ афзуд, дар ҷойи ҳодиса маълум гардид, ки ҳангоми бархӯрд ронандаи автомашинаи “Мерседес Бенс” ва як мусофираш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида 3 тан аз мусофири дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол ҳувияти ронандаҳо ва нафарони ҳалокушда дар ин садамаи мудҳиш гуфта нашудааст. Аз Раёсати корҳои дохилӣ ва Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки аз ин садама хабар надоранд ва ҳисобот давоми рӯз ба дасти онҳо мерасад. Сабаби садама ҳоло дақиқ нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста