Чанд рӯз қабл дар интернет хабаре нашр шуд, ки дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон беш аз 700 саги дайдуро парондаву сӯзондаанд, ки ин байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба бор овард. Хабарнигори “АП” бо директори КДФ “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар Зафар Ғиёсов вохурд то воқеъияти ҳолро барои хонандагон рӯшан кунад.

Зафар Ғиёсов тасдиқ кард, ки дар воқеъ онҳо сагҳои дайдуро мепаронанд ва ҳамин тариқ хатарҳои ношӣ аз онҳоро бартараф мекунанд.

“Мо роҳи дигаре надорем. Ҳаррӯза даҳҳо шикояти шаҳрвандон мустақиман ва ё ба воситаи ҳукумати шаҳр ё ШВКД дар шаҳри Бохтар ба дасти мо мерасад. Шаҳрвандон аз зиёд шудани сагҳои дайду дар кӯчаю маҳаллаҳояшон ва ҳамлаи онҳо ба шаҳрвандон аз ҷумла кӯдакон шикоят мекунанд. Ҳамчунин расиони маҳаллаҳо ба мо мактуб ва дархост мекунанд, ки мо чора бинадешем. Ростӣ, мо илоҷи дигаре ғайр аз парондану безарар гардондани ин сагҳои дайду, ки аксаран гирифтори бемориҳои ҳориву хоришаканд, надорем. Дуруст аст, ки мувофиқи қонунгузори мо бояд онҳоро дастгир кардаву дар ҷоӣ махсус нигоҳ дорем ва ҳайвонҳои беморашро таҳти табобат қарор бидиҳем. Мутаасифона то имрӯз мо чунин шароитро надорем. Ҳамаи кори мо ба хотири бехатарии шаҳрвандон аст".

Амалиёти сагпарониву сагсӯзӣ

Ба гуфтаи ин масъули шаҳри Бохтар онҳо амалиёти безараргардониро бо мақомоти маҳалии  ҳокимияти иҷроияи давлатии шаҳр ва ШВКД мувофиқа мекунеан. Як рӯз пеш аз амалиёт бо мардуми маҳалла вохурда, онҳоро огоҳ мекунем, ки фардо саҳар чунин амалиёт гузаронида мешаваду эҳтиёт бошанд. Ин корро ба он хотир мекардаанд, ки дар маҳаллаҳо одамони бемор асту шояд аз шудани садои тир ҳолаташон бад шавад.

"Амалиёт соати 4 субҳ бо ҳузури нозири минтақавӣ, раиси маҳалла, намояндаи маркази санитарию эпидимиологии шаҳр гузаронида мешавад. То як моҳ пеш мо сагҳои парондаро дар партовгоҳи марказии шаҳр, ки дар шаҳри Левакант ҷойгир аст, бурда дар ҷойи махсус мегӯрондем. Аз як моҳ пеш ба ин сӯ, ки партовгоҳи марказии шаҳр бозсозӣ мешавад, ба мо як бухорӣ барои сӯзондани ҳайвонҳои мурда доданд, ки онҷо онҳоро месӯзонем. Сӯзондан ҳам ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятист”, - мегӯяд Зафар Ғиёсов.

Бухорие, ки ҷасади сагҳоро дар он месӯзанд

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд  шояд дар ояндаи наздик чунин як ҷойи нигоҳдории ҳайвонҳои бесоҳиб сохта шавад.

“Дар асоси лоиҳаи таҷдиди партовгоҳи марказии шаҳр, ки феълан бозсозӣ мешавад бояд як ҷойи махсусе барои ҳайвонҳои бесоҳибу дайду сохта шавад. Агар чунин шавад, мо як воҳиди кории духтури ҳайвонотро ба кор мегирем ва дар оянда ин ҳайвонҳои дайдуро онҷо нигоҳ медорем. Инҷо мушкили дигар ин аст, ки мо асбобу дастгоҳҳои дастгир кардани ҳайвонҳои дайдуро надорем, вале бо сохтани ҷойи нигоҳдорӣ кӯшиш мекунем ин шароитро ҳам фароҳам биёрем ва ҳайвонҳои дайдуро дастгир карда онҷо нигоҳ дорем”, - илова кард З.Ғиёсов.

Тарафдорону бетарафҳо

Сокнинони шаҳр низ ба ду гуруҳ тақсим мешаванд, ки яке тарафдори нест кардани сагҳои дайду ва дигаре зиди бо чунин усул нест кардани ҳайвонҳо мебошанд.

Хизматулло Раупов як сокини шаҳри Бохтар мегӯяд дар шаҳр шумори сагҳои дайду хеле зиёд шудааст, ки баъзан шабона ё субҳ барвақт тарсида ба кӯча мебароем. Аз ҷумла вақте кӯдакон саҳар барвақт ба мактаб мераванд бисёр хавфнок аст. Ин сагҳо ҳар лаҳза метавонанд ба кӯдакон ё нафароне, ки барвақт ба кор мераванд ҳамла кунанд. Аз ин хотир бояд онҳоро нест кунанд, то шаҳрвандон озодона бе тарсу ҳарос ба кӯча бароянд.

Аҳмадҷон як сокини дигари шаҳр мегӯяд воқеъан сагҳои дайду дар шаҳр зиёд шудаанд ва баъзан ба онҳо дилат месӯзад. Аксарашон беморанду ҳоли табоҳ доранд. Лекин бояд роҳи ҳалли мушкилро пайдо кард. Барои дастгир кардану дар як ҷои муайян нигоҳ доштани онҳо шароит фароҳам овард.

Равҳматуло Кенҷаев раиси маҳаллаи Баҳори шаҳр дар як суҳбати телефонӣ тасдиқ кард, ки онҳо дар асоси шикояти сокинони маҳалла ба “Хоҷагии коммунали”-и шаҳр барои нест кардани сагҳои дайду муроҷиат мекунанд.

“Баъзан шумораи сагҳои дайду чунон зиёд мешаванд, ки ба кӯча баромандан хатарнок мешавад. Шаҳрвандон ба мо шикоят мекунанд ва мо ба "Хоҷагии коммуналӣ" муроҷиат мекунем. Онҳо омада дар иштироки комисияи махсус ин сагҳоро паронда гирифта мебаранд. Дурусаст, ки бо чунин усул нест кардани сагҳо хуб нест, лекин илоҷе нест. Ин шаҳраст ва шабу рӯз мардум дар гардишанд. Нафаре ба кори шабона меравад ё дигаре аз кор бармегардад. дар кучаҳо бо ҳарос мегардӣ. Мутаасифона ҳар рӯз даҳҳо сагро аз деҳаҳои ноҳияҳои гирду атроф оварда дар шаҳр мепартоянд. Онҳо дар зимистон дигар хӯрок пайдо намекунанд, гурусна мемонанд ва ба мардум ҳамла мекунанд. Аз ин хотир шикояти аҳолӣ ҳам зиёд шуда истодааст”- мегӯяд раиси маҳалла.

Сагҳои дайду
Ибодулло Тоиров

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зист ба мо гуфтанд, ки назорати сагҳои дайду дар маркази шаҳр ё дигар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи вазифаҳои хизматии онҳо намедарояд.

“Мо танҳо шикори ғайриқонунии ҳайвонҳою моҳию дигарро дар ҷангалзору кӯҳҳо ва кӯлу дарёҳои вилоят назорат мекунем. Ҳайвонҳои дайдую бесоҳиб, ки дар шаҳр пайдо мешаванд ин кори мо нест” – гуфт як манбаъ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят.

Дар ҳамин ҳол сардори Хадамаоти назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Бохтар Ҳомид Гулмуродов, ки духтурони ҳайвонҳо низ зери ин хадамот фаъолият мекунанд, чунин усули безараргардониро нодуруст хонд ва гуфт, ки ин ҳам аз ноилоҷист.

“Дар доираи қонун бояд ҳукуматҳои маҳал барои нигоҳдории ҳайвонҳои дайду ҷойҳои махссус ташкил кунанд. Ва ин ҳайвонҳоро дошта ба ин марказ биёранду мо ҳайвонҳои беморашро табобат кунем ва онҷо нигоҳдори карда шавад. Мутаасифона имрӯз дар ҳеҷ яке аз шаҳру ноҳияҳои мо чунин имконият нест. Инаст, ки ба хотири бехатарии мардум идораҳои коммуналӣ дар ҳамбастаги мо ШВКД бо супориши мақомоти маҳалӣ маҷбур мешаванд сагҳои дайдую бесоҳибро бо чунин усул безарар гардонанд” – илова кард Ҳомид Гулмуродов.

Куштан арзонтар аст

Чанд соли ахир аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ваъдаи сохтани ҷойи нигоҳдории ҳайвонҳои дайдуро медиҳад. Вале ваъда ҳамоно ваъда боқӣ мемонанд, зеро куштани сагу гурбаҳо арзонтараст.

Парондани ҳайвонҳо ин кори одилона нест, барои ин бояд ҷойҳои махссуси нигоҳдории ҳайвонҳои дайдуро ташкил кард, амо вазъи молиявӣ чунин имконро аз мо гирифтааст,- гуфта буд Алимурод Исломзода директори КВД Хоҷагии манзилию Коммуналӣ се сол қабл.

“Парондани ҳайвонҳо дар ҳақиқат кори ғайриинсонист. Мо бояд ҷойи махссуси нигоҳдории ингуна ҳайвонҳоро созем. Вале мушкили молӣ ба ин даст намедиҳад”- гуфта буд ӯ.

Он замон илова карда буд, ки КВД “ХМК” лоиҳаи сохтани ҷойҳои махссуси нигоҳдории ҳайвонҳоро омодаву ба ҳукумати кишвар пешниҳод карда буд.

“Умед дорем дар надиктарин муҳлат ин масъала ҳалли худро пайдо хоҳад кард”, - гуфта буд Исломзода.

То ба имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ чанд макони махсуси нигоҳдории ҳайвонҳои дайду вуҷуд дорад, ки он ҳам бо маблағгузории шасони алоҳида ташкил карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.