ВКД хабар медиҳад, ки ду ноболиғи 17-сола дар пойтахт ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ боздошт гардидаанд.
Гуфта мешавад, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғ, яке аз Душанбе ва дигарӣ аз ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд.
«Номбурдагон, 20-уми феврали соли 2021, тахминан соати 11:20-дақиқа, дар назди бинои «Маҷмааи варзишӣ», воқеъ дар кӯчаи Маяковский бо якдигар ҷангу ҷанҷол карда, якеашон бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба дасти дувумин зарба зада, аз ҷойи ходиса ғайб задааст», - хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи ҷангу ҷанҷол нафари зарбхӯрда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ва ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста