Кишоварзони вилояти Суғд мегӯянд, имсол боридани барф ҳангоми гул кардани дарахтони зардолу, эҳтимол ба талафёбии ҳазорҳо гектар гули шукуфтаи зардолузор,  яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишоварзӣ дар вилояти Суғд гардад. Ба гуфтаи онҳо, сармои охири моҳи феврал 50 дарсад танҳо гули шукуфтаи зардолуи навъи мирсанҷалиро нобуд кард.

Аммо ин омор ниҳоии талафоти умумии боғоти шукуфтаи зардолу нест. Дар пайи сардиҳои сахт ва гӯё имсол камҳосил шудани меваи зардолу хушкмеваи он низ чанд ҳафтаи ахир якбаробар гарон шудааст.

Бино ба арзёбии кишоварзони Суғд наздики 27 ҳазору 479 гектар боғоти зардолуву бодом аз сардиҳои сахт ва бориши борону барфи нимаи моҳи феврал ва ҳафтаи равони моҳи март дар ҳоли осебпазирӣ аст. Эҳтимоли талафёбӣ дар ин майдон ҳаст, вале кишоварзон мегӯянд ҳоло наметавонанд бигӯянд, ки чанд гектар гули зардолуро комилан сармо задааст ва чӣ миқдор ҳосилро аз боғот метавон инзизор шуд.

Абдуазиз Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт гуруҳи корӣ аз олимони соҳа, кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ва масъулини омор зарари сармои сахтро санҷида истодаанд. Вай гуфт, сармо асосан ба навъҳои пешпазаки зардолу дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Исфара, Конибодов ва Бобоҷон Ғафуров таъсир расонидааст.

“Навъҳои пешпазаки зардолу барвақттар гул кард ҳаминҳоро бо пуррагӣ зарар надид гуфта наметавонем. Лекин ду хунукие, ки охирҳои моҳи феврал ва баъди 14-уми март шуд, албатта як миқдор зарар расонид. Хунукии моҳи феврал ба навъҳои зардолуи мирсанҷалӣ,  ки  барвақт гул кард то 50% ҳосилаш талаф ёфт. Аммо хунукии дуюм ба ҳамон гули боқимонда таъсир кард ё не рӯзҳои наздик маълум мешаавад. Деҳқонон ба таҳлука наафтанд, ба гуфти олимони соҳа, агар дарахт 5-7% гулашро дорад  ҳосилаш хуб мешавад”,-мегӯяд ин масъули кишоварзии вилоят.

Аммо чанде аз деҳқонон дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз он нигаронӣ карданд, ки то 80 дарсад низ дар баъзе аз маҳалҳои ин минтақа гули зардолуро сармо задааст. Як сокини Исфара мегӯяд, соли гузашта ҳосили зардолу хуб буд ва аз ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Ашт бо харҷи 15 ҳазор сомонӣ меваи як гектар зардолуро харидаву дар ҷояш хушк карда буд. Аммо имсол бино ба иқрори ӯ гули зардолуи қандаку мирсанҷалӣ, аз навъҳои серхаридорро дар Ашт сармо задааст.

“Чунин намуди зардолу дар Исфара камтар аст ва асосан аз Хуҷанду Ашт харидорӣ кардаву хушк мекардем. Имсол ҳар вақт, ки зардолу пазад ҳосилро мебинему баъд заминро мехарем. Баъди ин хунукиҳо агар ҳаво якбора гарм шавад, набояд ба ҳосил чандон умед кард ва бар зиёни мову деҳқон аст, ки ҳоло мардум парешон монд “-мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол боғдорони Ашт аз он нигаронанд, ки сармои имсола эҳтимолан ба онҳо хисороти калон расонад. Диловар як боғдори ин ноҳия гуфт, се гектар майдони зардолу дорад ва бино ба тахминаш агар ҳаво дигар сард нагардад, эҳтимолан 20 дарсад ҳосилро мегирад, ки соли гузашта бамаротиб ҳосил хуб шуда буд.

“Дуҳафта пештар якумбор хунук шуду гули зардолуи қандаки мирсанҷалиро хунук зад. Лекин зардолуи навъи бобоӣ, Исфара, мачалка, пешпазакро хунук назада буд. Аз рӯйи тахмини мо хунуки рӯзҳои 14-15-уми март, ки бо шамол омад гулҳоро сиёҳ кардааст. Дар аввал тахмин доштем 20% ҳосил мегирем ва умедворем”.

Нархи меваи хушк боло рафт

Хуш кардани зардолу дар Ашт. Тобистони 2020
Ҳалим Ҷӯраев/Asia-Plus

Баъди хунукиҳои як моҳи ахир ва эҳтимоли камҳосилӣ дар соли ҷорӣ ду ҳафтаи ахир нархи меваи хушки зардолу дар бозорҳои маҳаллӣ якбаробар боло рафтааст. Тоҷирон мегӯянд, меваи хушки зардолуи навъи қурутак, ки дар шаҳри Исфара чанд моҳ пештар 7 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло то 15 сомонӣ қимат дорад. Зардолуи хушки аз ҳама пастсифат аз 5 сомонӣ то ба 10 сомонӣ ва навъи аълои зардолу аз 30-35 сомонӣ то 70 сомонӣ гарон шудааст.

Як манбаъи мо, ки яке аз тоҷирони калони тиҷорати зардолу дар вилояти Суғд аст аст мегӯяд, сардиҳои як моҳи ахир нархи хушкмеваро боло бурд.

“Гуфтаанд, ки гӯё зардолузори ноҳияҳои атрофи Хуҷандро хунук задааст. Асосан зардолуҳои навъи мирсанҷалӣ ё қандак, дар атрофи ин шаҳр бештар мешавад. Ин дар  яклухтфурӯши чунин аст шояд дар фурӯши чакана аз ин ҳам гаронтар бошад. Онҳое, ки бори соли гузаштаро доранд нафурӯхта истодаанд. Эҳтимол аст, ки имсол ҳосили зардолу кам шаваду хушкмева гаронтар мешавад”, -мегӯяд манбаъ.

Дар вилояти Суғд 50 ҳазор гектар майдони зардолу мавҷуд аст, ки аз он 40 ҳазор гектараш ҳосилдеҳ буда, як соли пеш 87 ҳазор тонна ҳосили зардолу ба даст омада буд. Бино ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят соли 2020 ба хориҷи кишвар 23 ҳазору 125 тонна меваҷот содиркарданд, ки 19 ҳазору 487 тоннаи он хушкмева мебошад. Маблағи умумии содиротӣ меваҷот ба 8 миллиону 426 ҳазор доллари амрикоӣ баробар шуд, ки 7,4 миллион доллари он марбут ба содироти меваи хушк аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.