Дар бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав як мард ба корманди хадамоти консулгарӣ бо корд ҳамла кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон.

“Айни замон ҳамлагар боздошт ва аз ҷониби кормандони хадамоти амният безарар гардонида шуд. Аз ҳамла касе осеб надидаву шахсияти ин мард муайян карда шуд”, - хабар доданд дар сафорат.

Шомил Мустақимзода
Сурат аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия пешниҳод шуд

Ин мард Шомил Мустақимзодаи 28-сола мебошад, ки аз ҷониб мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мутобиқи моддаи 307 КҶ ҶТ (ташкили фаъолияти ташкилоти ифротгаро (экстремистӣ) мавриди пайгард эълон шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамлагар ба кормандон таҳдид кардааст, ки онҳоро ҷазо медиҳад. Далели маҳз ба ҳамин корманд дарафтодани ҳамлагарро манбаъ намедонад

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.