Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе 3 нафар ҷавони сокини шаҳри Душанбе ҳалок шуданд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, садама соати 22:30 дақиқаи шаб дар километри 49-уми роҳ, дар қаламрави деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод рух додааст.

Гуфта мешавад, автомашинаи тамғаи  “Опел”, ки аз ҷониби як сокини 18-солаи деҳаи Фотеҳободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод идора мешуд, ҳангоми ҳаракат ба самти Файзобод ба кадом сабабе аз роҳе берун ва дучори садама шудааст.

Дар ин садама 3 мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст”, - омадааст дар хабар. - Ҳалокшудагонро мардуми маҳал аз дохили мошин берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд”.

Ба иттилои манбаъ, 3 нафари дар ин садамаи маргбор фавтида сокинони шаҳри Душанбе буда, ду нафари онҳо ҳамагӣ 17 сол ва нафари сеюм 22-сола будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар бораи сабаби садама иттилои мушаххас дар даст набуда, айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.