Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се ноболиғ ва як ҷавони 19-соларо дар куштори як сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар медонад. 

Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, ки рӯзи 20-уми апрел як марди сокини шаҳри Душанбе ба милиса хабар додааст, ки баъди асри ҳамон рӯз писари 24-солааш аз сӯйи шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ба қафаси синааш бо корд задаанд. Бар пайи ин зарбаи кор писараш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо “изи гарм” ноболиғони 13, 17, 17 ва ҷавони 19-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Навободи ҳамин ноҳия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд",- хабар медиҳад ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ ин нафарон 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ байни худ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ноболиғи 17 ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша карда, дар натиҷа яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марҳум мезанад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.