Як зани 30-солаи сокини пойтахт ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шаби 2-юми май шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 78 ҳазор сомониро дуздидаанд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Душанбе хабар медиҳад, аз рӯйи далели ғайриқонунӣ ба манзили ҷавонзан ворид шудан ва дуздии пул 3 нафар ноболиғони синни 15-16-сола боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҷуз ноболиғон, барои риоя накардани меъёрҳои қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидони онҳо низ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.