Бар пайи боронгариҳои шадиди имрӯз, дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб селхезӣ сар зада, ба мардум хисороти зиёде ворид шудааст. Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки се сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро селоб бурдааст, ки ҷасади якеро ёфтаанду ҷасади дуйи дигарро ҷустуҷӯ доранд.

Хабарнигори "Азия-Плюс" аз шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, ки селхезӣ дар ин шаҳр харобиҳои зиёде карда, киштзору бархе аз хонаҳои мардумро шустааст ва бархе аз роҳҳои миёни маҳалаҳоро низ хароб кардааст. 

Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба  "Озодӣ" гуфтааст, ки аз се нафари дар селоб афтода, ҷасади як нафар пайдо шудааст. "Ин се нафар аъзои як хонавода ҳастанд, ки ҳангоми бо мошин гузаштан сел онҳоро бурдааст. Ҷасади кӯдаки ин хонавода пайдо шудааст ва аз ду нафари дигар ҳанӯз нишоне нест",--гуфтааст ӯ.

Аз ин се нафар сокини ҷамоати Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ном бурда мешавад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори  "Азия-Плюс", ки феълан дар шаҳри Кӯлоб қарор дорад, мегӯяд, вазъ хеле нигаронкунанда ҳаст ва аз ҳар тараф хабари зери борону селоб мондани киштзору хонаву дари мардум мерасад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ба "Озодӣ" гуфтааст, вазъият дар шаҳр вазнин аст ва наздики 80 макони зарарёфта то кунун сабти ном шудааст. Навбатдори ин ниҳод фавти ягон нафарро то ин дам тасдиқ накардааст, вале гуфтааст, мардуми шаҳр аз хона баромадаанд.

"Сел тақрибан 1,5-2 соат пеш оғоз шуд. Ин сел аз якҷо не, аз чанд ҷо аз кӯҳу пушта омадагӣ аст. Чанд ҷойро задагӣ аст. Ҳозир борон давом дорад, сел рафта истодааст, даруни шаҳр садамавӣ аст. Наҷотдиҳандагон аз пайи наҷоти мардум ҳастанд. Кадом шаҳрвандоне ки занг мезананд, кӯдамак мондагӣ аст, ба ёрӣ рафта истодаанд. Хонаву дарро монда, одамонро наҷот дода истодаанд," - гуфтааст навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар минтақаи Кӯлоб.

Дар ҳамин ҳол, аз харобкориҳои сели имрӯз бар пайи борон дар ноҳияи Хуросон ва Ҷомӣ ҳам хабар дода мешавад. Харобкориҳои имрӯзи сел дар ҳолест, ки имрӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки боронҳои шадиду селхезӣ то 14-уми май давом мекунанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.