Пайвандони Саидмурод Ишанов, як сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара иддао доранд, ки ӯро иҷборан ҷониби Қирғизистон рӯзи 1-уми май дар ҳудуди  Тоҷикистон боздошт ва бо гузашти 16 рӯз раҳо намекунад.  

Боздошти ин сокини Исфара баъди даргириҳои хунини 28-29-апрел ва дар он шабу рӯзи назорати қатъии марзи давлатӣ сурат гирифтааст.

Раиси ҷамоати Чилгазӣ мегӯяд, ҳоло чанд ниҳоди қудратӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар Исфара барои зудтар раҳо шудани ӯ аз боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканди Қирғизистон талош доранд.

Қобилҷон  Азимов бародари Саидмурод Ишанов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ӯ рӯзи 1-уми май аз деҳаи Чилгазӣ ба деҳаи марзии Боғистон барои хабаргирии кӯдаки навзодаш рафта буд. Ӯ мегӯяд, бародарашро шаҳрвандони мулкии қирғиз ғайриқонунӣ боздошт ва ба мақомоти пулиси ин кишвар супурдаанд.

“Рӯзи шанбеи 1-уми май аз хона баромада ба деҳаи Боғистон, маҳаллаи марзии Дӯстӣ рафта буд. Ҳамсараш се рӯз пеш таваллуд карда ба деҳаи Боғистон назди модараш рафта буд. Бародарам барои дидани онҳо рафт. Деҳаи Боғистони Тоҷиситонро як латок аз деҳаи Равоти Қирғизистон ҷудо мекунад. Аз он ҷо ду шаҳрванди одиии қирғиз ӯро ба ҳудуди худ гузаронида, бурда ба милисаи Бодканд супоридаанд”.

Баъди як рӯзи боздошти Саидмурод Ишанов аз суйи қирғизҳо, 2-уми май аз идораи пулиси Бодканд ба пайвандонаш хабар додаанд. Қобилҷон  Азимов дар аввал шифоҳӣ ва рӯзи 12-уми май барои ҳарчи зудтар озод шудани бародараш ба мақомоти маҳаллии Исфара, ШКД ва идораи амнияти миллӣ расман, ба таври хаттӣ муроҷиат кардааст. Дар аризаи бародари ин сокини боздоштшудаи Чилгазӣ, ки ба раиси шаҳри Исфара ва раиси Суғд навиштааст ва нусхае аз он ба “Азия-Плюс” низ дастрас шуд, гуфта шудааст, ки  мақомоти пулиси Бодканд барои раҳоии ин шаҳрванди Тоҷикистон 4 000 доллар талаб кардаанд.

“Ҳангоми тамос бо телефон ва аз гуфтаи бародарам маълум гашт, ки гӯё ӯ дар ҳабсхонаи ШКД-и вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ғайриқонунӣ нигоҳ дошта шудааст... Аз тарафи шахсони номаълум, ки худро корманди шуъбаи мазкур муаррифӣ менамоянд, аз ман барои раҳо намудани бародарам маблағ ба андозаи 4000 доллари ИМА талаб дорад. Ӯ ва ман чунин маблағро надорем ва даромади гирифтаамон фақат барои ризқу рӯзии зиндагии худ равона мегардаду халос...”- омадааст дар ариза.

Пайвандонаш Саидмурод Ишанов дар ин ҳама муддате, ки ӯ дар боздошт қарор дорад, тавонистаанд се бор бо ӯ телефонӣ суҳбат кунанд. Бародараш боздошти ӯро “иҷборӣ ва барқасдона” медонад. Онҳо устои маҳаллӣ будаанд ва Саидмурод Ишанов бо чаҳор фарзанду ҳамсар зиндагии миёнаҳолона доштааст, хонаву дар надоштаанд ва дар хонаи бародар дар кӯчаи Шаҳраки деҳаи Чилгазӣ зиндагӣ мекардаанд.

Раиси ҷамоат назари дигар дорад

Иддаои дар марзи Тоҷикистон боздошт шудани Ишанов аз сӯй бародараш дар ҳолест, ки Нуриддин Каримов раиси ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт аз боздошти ин сокини ҷамоат ӯ ва мақомоти дигари қудратӣ огаҳанд ва роҳи озод кардани ин сокини ҷамоатро дар миён гузоштаанд.

“Шаби 30-уми апрел оташбас эълон шуд, рӯзи 1-уми май ба хонаи кадом шиноси қирғизаш гузашта, наздаш рафтааст. Он рӯз назорат ҷиддӣ буд мо худамон ҳам ягон қирғизро иҷозаи гузаштан намондем. Чи хел шудасту тариқи саҳро гузашта рафтаст. Онҷо сарҳадро танҳо як ҷӯйбор ҷудо мекунад. Аз он ҷо гузаштааст, ҳоло бо ҷурми вайрон кардани сарҳади давлатӣ онҳо парванда кушодаанд. Ман ин масъаларо ба мақомоти интизомӣ ва се рӯз пеш ба муовини аввали ВКД ҳам омада буданд, гуфтем. Ҳоло масъалаи чӣ тавр оварданашро андешида истодаем”.

Маҳаллаи Дӯстии деҳаи Боғистони шаҳри Исфара бо деҳаи Равоти ҷамоати Қаробоғи вилояти Бодканд ҳамсарҳад аст. Раиси ҷамоати Чилгазӣ мегӯяд, бо раиси ҷамоати Қаробоғ, мақомоти сарҳадбонии Қирғизистон барои озод кардани Саидмурод Ишанов суҳбати телефонӣ кардааст. Бино ба гуфти ӯ, ҳоло шуъбаи корҳои дохилии Исфара бо шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи ҳаммарзи кишвари ҳамсоя низ дар ин масъала гуфтушунид доранд.

Боздошти сокини ҷамоати деҳоти Чилгазӣ аз суйи мақомоти пулисӣ кишвари ҳамсоя дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози ҷанги 28-29-уми апрел гунаҳкор мекунанд. Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар ин муноқиша 19 нафар кушта ва 87 захмӣ шудаанд. Қирғизистон аз кушта шудани 36 нафар ва захми шудани 189 нафар дар ин даргириҳо хабар медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.