Ҷасади ду модар ва се кӯдаки ноболиғи онҳоро, ки рӯзи 17-уми май дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич зери хоккӯчӣ ё ярҷ монда ҷон бохтанд, имрӯз ба хок месупоранд. Ному насаби ин қурбониёни ҳодисаи табиӣ маълум шуд.
Аз ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки қурбониёни ин ҳодисаи табиӣ ду модар: яке 33 ва дигаре 23-сола ва се кӯдак, ки яке яксола ва дуи дигар 10 ва 11-сола будаанд, мебошанд.
Ин ҳодиса рӯзи 17-уми май рух додааст, ки бар асари зери хоккӯчӣ мондани як хона, соҳиби хона Мунаввара Тӯраева ҳамроҳи фарзандонаш Асилмурод Эшонқулов ва Суннатулло Эшонқулов ва ҳамсояи онҳо Азиза Ҳасановаи бо кӯдакаи яксолааш Абдузоҳир Ёқубзода ҷон бохтаанд.
Қурбониёни ин ҳодисаро субҳи имрӯз дар оромгоҳи ҷамоати Исмоили Сомонии Деваштич ба хок супорида мешаванд.
Шарафҷон Азизов, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Деваштич дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҷасадҳоро нисфирӯзии 17-уми май аз зери хоку лойи теппа берун оварда ба пайвандонаш супориданд.
Ӯ сабаби ин ҳодисаи табииро обёрии зиёди боғ ном бурд, ки дар натиҷа қабати замин нам кашида боис канда шудани теппаи хокӣ шудааст.
Ӯ гуфт дар натиҷаи фаромадани теппа қисме аз манзили истиқоматӣ вайрон шуда боис ба фурӯ рафтани девору хароб шудани қисме аз болопӯши хона шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста