Давоми як шабонарӯз дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ду сокини маҳаллӣ яке дар дарёву дигарӣ дар ҷӯй ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ, субҳи 25 май сокини 65-солаи деҳаи Заниз, падари 7 фарзанд ба кадом сабаби номаълум худро дар оби дарёи Шоҳдара ғарқ кардааст.

“Аҳолии деҳа ҷасади марҳумро пайдо ва аз об берун оварда, ба соҳибонаш супрдаанд”, - омадааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, бегоҳии ҳамин рӯз як тифли 4-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сежд, деҳаи Навобод  аз беназоратии волидон дар ҷӯйбори назди хонаашон афтидаву ба ҳалокат расидааст. Ин духтарча дар беруни дар танҳо ба бозӣ машғул будааст.

Кумита бори дигар хотиррасон мекунад, ки кӯдаконро эҳтиёт кардан лозим буда, беназоратӣ метавонад оқибати фоҷеабор дошта бошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.