Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ нимаи дуюми рӯзи 31 май дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ёш Ленини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон таркиш ба амал омад.

Дар маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сабаби рух додани таркиш риоя нашудани техникаи бехатарӣ унвон шудааст.

Гуфта мешавад, мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи таркиш касе осеб надидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки сабабҳои таркишро мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи май дар яке аз НФС-и шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан ба таркиш боис гардид, ки дар натиҷа 29 нафар осеб дида, баъди як ҳафта яке аз осебдидагон - Алексей Рязантсеви 21-сола дар бемористон фавтид.

Баъди ин ҳодиса Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Тоҷикистон ба санҷиши қоидаҳои нигаҳдории маводи сӯхту молиданӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар саросари ҷумҳурӣ оғоз намуд.

ВКД Тоҷикистон нисбат ба соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар Душанбе, ки рӯзи 1 май дар он сӯхтору таркиш ба амал омад, мутобиқи моддаи 192, қ.2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.