Бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Сони-С», воқеъ дар деҳаи Зархези ноҳияи Балхӣ 9 нафар шаҳрвандон ҷароҳати миёна ва сабуки сӯхтаи бадан бардошта, фавти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, таркиш тахминан соати 15:45 дақиқа дар зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ ба амал омада, барои хомӯш кардани сӯхтори майдони 40 метри мураббаъро фарогирифта 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва дигар қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар гардидаанд.
Гуфта мешавад, оташнишонон хавфи паҳншавии сӯхтор ба дигар бинову иншоотҳои наздикро пешгирӣ кардаанд.
“Аз рӯи таҳқиқи пешакии ҳодисаи сӯхтор маълум гардид, ки сабаби ба амал омадани таркиши зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ, ин корношоям гардидани механизми сарпӯши (клапани) ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда мебошад”, - омадааст дар хабари ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки маблағи зарари аз сӯхтор расонидашуда аз тарафи комиссияи салоҳиятдор ва мутахассисон муайян карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста