Ҷасадҳои ду сарбозеро, ки тирамоҳ дар резишгоҳи дарёи Бартангу дарёи Панҷ дар ноҳияи Рӯшон зимни наҷот додани як хонандаи мактаб ғарқ шуда буданд, пайдо кардаанд. Падари яке аз сарбозон мегӯяд, ки ҷасадҳо пас аз 9 моҳи ҷустуҷӯ пайдо шуданд. 

Ин ду сарбоз Қандилҷон Воҳидов ва Сироҷиддин Ятимов, ки ҳамагӣ чанд рӯзи дигар ба рухсат шуданашон аз сафи артиш боқӣ монда буд, 29 сентябри соли гузашта ҳангоме, ки диданд як хонандаи мактаб худро ба дарё мепартояд, барои наҷоти ҷони ӯ талош мекунанд, ки дар натиҷа ҳар ду ғарқ мешаванд.

Ҷасади мактабхонро як рӯз баъд, 30-юми сентябр пайдо карданд, аммо ҷустуҷӯйи ин ду сарбоз он вақт натиҷа надода буд.

Искандар Воҳидов, падари Қандилҷон Воҳидов дар суҳбат ба "Азия-Плюс" гуфт, ки рӯзи 1 июн ҷасади писарашро 36 км пойинтар аз ҷойи ҳодиса, дар ҷониби Тоҷикистон, дар мавзеъи байни ноҳияҳои Рӯшону Ванҷ пайдо карданд, ҷасади ҳамхидмати писарашро 6 км пойинтар, дар қисмати ҷониби Афғонистон дарёфтаанд.

Ба гуфтаи Воҳидов баъди пайдо кардани ҷасадҳо, 11 рӯз пас ташхиси ДНК шахсияти онҳоро муайян кардааст, зеро дар зери об ҷасадҳо хеле зарар дида буданд, ки шинохта намешуданд.

Ӯ гуфт, кофтукоби ҷасади фарзандашро ҳеч гоҳе қать накарда буд ва тӯли 9 моҳ ба кофтукоб машғул буд.

«Мо кофтукобро қатъ накарда будем, танҳо баъди рух додани ҳодиса 12 рӯз он ҷо қарор доштам ва падарам, ки Қандилчон набераи бузургашон буданд ба ғам тоб наоварда аз олам чашм пӯшид ва ман боз омадам барои видоъ бо падар. Тӯли ин вақт мактуб навиштему дархост намудем, ки барои пайдо намудани ҷасади фарзандонамонро кӯмак кунанд».

Инскандар Воҳидов гуфт, ҳарчанд дар аввал бовар надошт, ки фарзандаш ғарқ шуда бошад, вале баъди суҳбат бо мардуми одӣ мутмаин шудааст, ки фарзандаш барои наҷоти ҷони ноболиғ худро ба дарё афкандаву шаҳид гардидааст.

Замоне ки ин ҳодиса рух дода буд, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин амалкарди сарбозонро корбарон як қаҳрамонӣ унвон карда буданд ва аз онҳо ситоиш мекарданд.

Сироҷиддин Ятимов, сокини шаҳри Душанбе ва Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвон дар қисми ҳарбии 0410-и Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.