Ҳикматулло Сайфуллозода узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистонро дар зиндон ҷарроҳии қалб кардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба наздикони Сайфуллозода хабар додааст.
Ҷарроҳӣ рӯзи 16-уми июн сурат гирифта, ки 3 соат тӯл кашидааст. Ба гуфтаи наздикони Сайфуллозода пизишкон гуфтаанд, ки ҷарроҳӣ бомуваффақият пушти сар шуд ва як ғадуди зиёдатирро аз қалби ӯ берун кардаанд.
Ҳикматулло Сайфуллозодаи 70-сола, ки узви Шӯрои сиёсӣ ва сардабири нашрияи ҳизбӣ буд, соли 2015 боздошт ва ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар моҳи апрели имсол, дар пайи бад шудани вазъи саломатиаш, дар беморхонаи маҳбас бистарӣ карданд.
Як масъули маҳбаси Ваҳдат рӯзи 16-уми июн бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷарроҳии қалби ин маҳбусро Сафархон Латифов, сарпизишики беморхонаи Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар Ваҳдат анҷом дод.
Пайвандони Сайфуллозода гуфтанд, ки аз ҷарроҳӣ шудани ӯ аз чанд рӯзи пеш хабар доштанд.
Фароғат Сангинова, ҳамсари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, як пизишки маҳбас пас аз анҷоми ҷарроҳӣ ба назадаш омад ва амали ҷарроҳиро хуб арзёбӣ кард.
Ӯ гуфтааст, чанд соли ахир шавҳарашро як ғадуде, ки дар қалбаш пайдо шуда буд, азият медод. “Пизишкон бисёр муносибати хуб карданд. Хабари хуби дигар ин буд, ки ба ман иҷозаи мулоқот бо шавҳарамро доданд ва гуфтанд, ки баъди ба ҳуш омаданаш метавонам беморхона дарояму бубинам. Охирин маротиба дар моҳи ноябр мулоқот доштам ва се моҳе, ки ӯ дар беморхона бистарӣ буд, иҷозат надода буданд. Вазъияти зиндагиям хуб нест, мушкили иҷтимоӣ дорам ва ба кумак ниёз дорам.”,--гуфтааст ҳамсари Сайфуллозода.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва масъули ҳафтаномаи "Наҷот" буд. Ӯро дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015 боздошту зиндонӣ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста