Мақомот омор ва хисороти расида аз заминларзаи рӯзи 10-уми июл дар Раштро эълон карданд. Бар асоси охирин омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин заминларза 5 нафар ҷон бохта, 16 кас захмӣ шудааст. Ҳамаи фавтидаҳо сокинони ноҳияи Тоҷикобод мебошанд.

Ҳоло бар асоси ҳисоби пешакии ниҳодҳои давлатӣ дар ҷамоати Лангари ноҳияи Тоҷикобод 29 хона тахриб шудааст, ки аз ин шумора 7 хона комилан вайрон шудаанд.

Дар ноҳияи Рашт, ҳарчанд, хушбахтона ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надошт, вале 14 хонаро пурр тахриб кардаву ба 131 хонаи дигар қисман зарар ворид шудааст.

Ҳамчунин ин заминларзаи рӯзи 10-уми июл, дар дар ноҳияи Сангвор низ хонаи як бошандаи ноҳияро пура ва як хонаи дигарро қисман хароб кардааст.

Ҳоло дар макони ҳодиса Комиссияи ҷумҳурявие, ки бар пайи ин ҳодса таъсис дода шуда буд, корро барои расонидани ёрӣ ба осебдидагону беҷошудагон идо медиҳад.

Ин заминларзаи сахт субҳи 10-уми июл рух дод, ки ларзаҳои онро дар Душанбе низ эҳсос карданд.

Пажӯҳишгоҳи геологӣ ва зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, макони заминларзаро дар 20-километрии маркази ноҳияи Рашт  гуфт ва шиддати зилзиларо аз рӯи ҷадвали Рихтер 5,9 дараҷа (бал) эълом кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.