Имдодгарони Кумтаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз як ҳодисаи худкушӣ дар шаҳри Хуҷанд пешгирӣ намуданд.

“Ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд хабар расид, ки дар пули болои Сирдарёи шаҳри Хуҷанд духтаре худкушӣ карданист, - хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита. - Бо дарёфти хабар имдодгарон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”.

Бино ба маълумоти Кумита, имдодгарон бо ҷавонзан суҳбат карда, ӯро водор намуданд, ки аз ин нияти худ даст кашад.

“Ин зан сокини 27-солаи ноҳияи Спитамен буда, сабабҳои ба худкушӣ водор намудани ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд”, - хабар медиҳад Кумита.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.