Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар куштори зани бародари худ марди 37-солаи сокини маҳаллӣ боздошт шудааст.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ӯ дар ҳолати мастӣ ба ҳамсари бародари худ бо корд ду маротиа зарба задааст, ки дар натиҷа зан дар роҳ ба беморхона ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаи куштори дуюм дар ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Дар ин ҷо марди 30-солаи сокини маҳаллӣ ба ҷисми ҳамсари худ 9 бор бо корд зарба задааст, ки дар натиҷаи зан дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Дар шаҳри Истаравшан ба гумони даст доштан дар суиқасд ба куштор марди 46-солаи сокини маҳаллӣ боздошт шудааст. Ӯ ба хонаи ҳамсояи 29-солаи худ даромада, ба ӯ бо корд ҳамла мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.