Ҳодиса қарибиҳои субҳи имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, микроавтобус ба КАМАЗ бархӯрдааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, бар асари садамаи нақлиёт сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон ба ҳалокат расида, 8 кас ҷароҳат бардоштаанд.

“Соати 03:29 дақиқа дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳи Душанбе - Ваҳдат садамаи нақлиёт рух дод, - хабар дод вай. - Ронандаи микроавтобуси “Старекс”, ки ба Душанбе равона буд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи КАМАЗ бармехӯрад”.

Имдодгарони КҲФ дар ҳамдастӣ бо кормандони БДА 9 нафар мусофиронро аз дохили автомашинаи “Старекс” берун бароварда, ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.