Зафар Ҷалолов, корманди Хадамоти амнияти авиатсионии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 14 ноябр даст ба худкушӣ зад. Дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ ин маълумотро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки фурудгоҳ аз пардохти музди меҳнат ба Зафар Ҷалолов қарздор набуд.

“Дарвоқеъ рӯзи 14 ноябр ҷасади корманди фурудгоҳ Зафар Ҷалолов дарёфт шуд. Сабабҳои худкушӣ маълум нестанд. Дар робита ба ин ҳодиса Прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кард”, - хабар доданд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.

Як манбаи дигари “Азия-Плюс” дар фурудгоҳ низ иброз дошт, ки Зафар Ҷалолов дар масъалаи молиявӣ бо фурудгоҳ ҳеҷ мушкиле надошт.

“Ӯ худро дар манораи сӯхторхомӯшкунӣ (пожарная вышка) овехтааст. То ҷое, ки ман огаҳам, ӯ бо раҳбарияти фурудгоҳ ҳеҷ мушкиле надошт ва маошашро саривақт мегирифт. Дирӯз ҳамёне бо худ дошт, ки дар он пули бисёр буд”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, Зафар Ҷалолови 29-сола зодаи ноҳияи Восеъ буда, ҷияни собиқ роҳбари Хадамоти амнияти авиатсионӣ полковник Шодибек Ҷалолзода мебошад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли 2020 корманди Хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Шерафган Хоҷақулов бо истифода аз силоҳи хидматӣ худро кушта буд. Он замон пайвандону наздиконаш хабар дода буданд, ки ӯ ба нишони эътироз алайҳи пардохт нашудани музди меҳнат дар муддати 9 моҳ даст ба худкушӣ задааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.