Дар байни ҳалокшудагон аз сӯхтор дар ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав рӯзи 13 ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Гуфта мешавад, ин маълумотро сафорат аз Кумитаи тафтишоти Русия дарёфт намудааст.

Ба иттилои намояндагии дипломатӣ, 2 нафари ҳалокшуда ва 4 каси осебдида аз ин сӯхтор шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.

Қаблан як қатор ВАО-и Русия хабар доданд, ки 13 ноябр дар макони зисти коргарони як иншооти сохтмон дар Солнечногорск сӯхтор сар зада, 4 коргари хориҷӣ ҳалок ва 2 нафар осеб дидаанд, ки эҳтимол шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Як рӯз пеш, 12 ноябр дар дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутск сокинони маҳаллӣ вагончаеро, ки дар он коргарон зиндагӣ мекарданд, оташ заданд.

Дар натиҷа ду коргар ҳалок шуда, боз панҷ нафари дигар бо захми сӯхтаву ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон номбар шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.