Сокини пойтахт Сафаралӣ Ғойибови 21-сола ҳаёти духтари 17-солаи сокини Ваҳдатро, ки аз болои пул дар хиёбони Саъдии Шерозӣ худро ба дарё партофт, наҷот дод.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Сафаралӣ дар кӯчаи Қаҳҳоров, манзили рӯ ба рӯи макони ҳодиса иқомат дошта, бо шунидани доду фарёди мардум фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир ва ба дохили дарё даромада, ҷавондухтари ғарқи обро ба берун баровардааст.

Гуфта мешавад, духтар касалии руҳӣ дошта, бо сабаби хуруҷ гирифтани бемориаш ба ин амал даст задааст.

“Айни ҳол вазъи саломатии ҷавондухтари 17-сола хуб арзёбӣ гардида, барои гузаронидани ташхисҳои тиббӣ ба Беморхонаи Қарияи Боло дастрас ва таҳти назорати табибон қарор дорад”, - омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки  оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.