Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Душанбе се нафареро, ки дар дохили лифт дармонда будад, наҷот додааст. Дар ин бора дар як хабарномаи Кумита гуфта мешавад. 

Манбаъ мегӯяд, ки лифт дар миёни қабатҳои як бинои бисёрошёна дармондааст ва имдодгарони кумита лифтро пойин кашидаву дармондаҳоро наҷот додаанд. 

Ин ҳодиса рӯзи 23-уми ноябр, соати 11:25 дақиқа дар бинои 17/5 кӯчаи Саъдии Шерозии пойтахт  рух додааст.

"Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, зарфи 15 дақиқа бо истифода аз таҷҳизоти гидравликии садамавиву наҷот дари бастаи лифтро боз карданд ва ин се танро беосеб наҷот доданд. Онҳо ба ёрии аввалияи тиббӣ ниёз надоштанд", - навиштааст манбаъ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.