Корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳ нимашаби имрӯз, 25-уми ноябр, тақрибан соати 02:30 дақиқа оташ гирифта, ба гуфти манбаъҳои “Азия-Плюс” бо гузашти шаш соат ҳанӯз алангаи сӯхтор хомӯш нашудааст. То ҳанӯз далели сӯхтор маълум нест.

Як манбаъ аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Азия-Плюс аз ин корхонаи пахта  ҶДММ “Музаффар КО” ном бурда гуфт, ки “алангаи оташсӯзӣ хело калон аст”. Манбаъ афзуд, бо расидани хабари фаврӣ ҳудуди 20 нақлиёти оташнишониро ба ҷойи ҳодиса сафарбар карданд.

1/10

“Сӯхтор хело доман паҳн кардааст ва аз соати 3:00 субҳи имрӯз то соати 08:30 бо гузашти тахмин шаш соат ҳоло ҳам алангаи оташ хомӯш карда нашудааст. Ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест, вале тахмин меравад сӯхтор ҳудуди 400 метри мураббаи корхонаро фаро гирифта ва домони оташсӯзӣ дар ҳоли зиёдшавист. Дар ин корхона ба миқдори хело зиёд маҳсулоти тайёри пахта мавҷуд буд”,

-гуфт манбаъ аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд.

Манобеи “Азия-Плюс” аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ оташсӯзӣ дар ҶДММ “Музаффар КО”-ро тасдиқ карданд ва гуфтанд ин корхонаи коркарди пахта ба соҳибкор Салим Мирзоев таъаллуқ дошт. Вай афзуд, “аз рӯйи шуниди ман дар ин корхона 1400 тонна нахи пахта истеҳсолу дар захира буд, ки ҳар як нахи пахта тақрибан 3 ҳазор долар арзиш дошт. Ҳоло ҳам сӯхтор хомӯш нашудааст”,-илова кард манбаъ.   

Феълан сабаби сӯхтор ва ё хисороти оташсӯзӣ дар ин корхонаи пахтатозакунӣ маълум нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.