Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар қатли падари худаш гумонбар дониста мешавад. ВКД далели ин ҳодисаро "муноқиша" унвон кардааст.
Дафтари матбюуоти ВКД дар як хабарномаи кӯтоҳ гуфтааст, ки ин ҷавони 19-сола 29-уми ноябри соли 2021, дар хонаи истиқоматиашон бо падараш, марди 47-сола муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ 7-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш задааст.
"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати номбурда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст",- омадааст дар ин хабарнома.
Аммо дар бораи далелҳои сар задани ин ҳодиса ва шеваи содир шудани он дар хабарномаи ВКД чизе гуфта намешавад. Ҳамчунин ВКД ҳувияти падару писарро ошкор накардааст.
Рӯзи гузаштаи ВКД аз кушта шудани як зани 43-сола дар ноҳияи Сангвор, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ба гумони ин ниҳод аз сӯйи духтурандараш ба қатл расонида шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста