Беш аз 60 нафар сокини чанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз истеъмоли гӯшти пухтаи мурғ (грилл) заҳролуд шудаанд. Дар ин бора монобеъи “Азия-Плюс” аз ниҳоди тандурустии вилояти Суғд хабар дода гуфтаднд, ки заҳролудшудагон ҳама мизоҷони аз як дӯкон фурӯши гӯшти пухтаи мурғ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта 62 нафар аз 14 хонавода, бошандагони шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз хӯрдани ин таом заҳролуд шудаанд.

Ба гуфтаи пизишкон қисме аз ин заҳролудшудаҳо табобат шуда, бархеи дигар дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд

Таҳқиқи ҳодиса нишон додааст, ки онҳо ин мурғро аз дӯконе аз даромадгоҳи бозори “Афғонбозор” дар шаҳри Хуҷанд харидаанд.

“Чанд нафар бо нишонаҳои дарунравӣ, қайкунӣ ва ҳарорати баланд муроҷиат карданд. Ва баъди он тафтиш оғоз шуд”-гуфт, табиби манбаъи мо, ки нахост аз ӯ ном барем.  

Ба дари дӯкони фурӯши гӯшти мурғ (грилл) дар даромадгоҳи бозори “Афғонбозор” аз суйи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд мӯҳр зада шудааст.

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Манобеъи “Азия-Плюс” аз гуфтани ҷузъиёти қазия худдорӣ мекунанд ва маълум нест, ки ин дӯкон ба кадоми соҳибкор таааллуқ дорад.

Масъулини Маркази беҳдоштии вилояти Суғд низ ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ намедиҳанд ва танҳо гуфтанд, ҳуҷҷати фаъолияти соҳибкорро то анҷоми таҳқиқи ҳодиса бозхонд карда,  фаъолияташро манъ кардаанд. Вай афзуд, мақомоти додситони шаҳри Хуҷанд таҳқиқи ҳодисаро пеш мебарад ва ҷузъиётро танҳо ин ниҳод шарҳ медиҳад.

Ҳарчанд мақомот аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунад як пизишк аз беморхонаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, чанде аз заҳролудшудагонро дар ин  беморхона бистарӣ карданд.

“Саломатияшон начандон вазнин буд шифо ёфтанд. Онҳо бо ташхиси илтиҳоби шадиди рӯъдаю меъда бистарӣ шуда табобат гирифтанд ва ҷойи нигаронӣ надорад",-  гуфт ин пизишк.

Дар ҳамин ҳол манобеъи “Азия-Плюс” мегӯянд, қисме аз заҳролудшудагон дар хона табобат шуда ва қисме, ки саломатияшон вазнинтар буд дар беморхона бистарӣ шуданд, ки байнашон кӯдакон низ ҳастанд.

Ба иттилои манобеъи наздик ба таҳқиқи қазия дар пайи заҳролудшавии даҳҳо нафар сокинон охири ҳафтаи гузашта мақомоти беҳдоштӣ ва ниҳодҳои дигари санҷишгар дӯконҳои фурӯши гӯшти мурғ дар бозори “Панҷшанбе” ва “Афғонбозор”-ро санҷидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.