Дар шаҳри Иркутски Русия ҷасади як муҳоҷири тоҷикро дар дарахте овехта пайдо кардаанд. Ин ҳодиса 12-уми декабр рух додааст ва гуфта мешавад ин муҳоҷир Маҳмуд Аҳмадови 57-сола будааст. 

Мақомоти Русия расман то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд, вале наздикони ин муҳоҷир гуфтаанд, ки ӯ ду ҳафта пеш нопадид шуда буд.

Як тан аз наздикони ин муҳоҷир ба радиои "Озодӣ" гуфтааст, ки мақомоти Русия ҳодисаро аз рӯйи фарзияи худкушӣ таҳқиқ доранд. Ба гуфтаи ин хешовандаш, ин муҳоҷири тоҷик, ду ҳафта пеш ба ҳамсараш гуфтааст, ки зери фишори як корфармои рус қарор дорад.

“Ӯ гуфтааст, ки раҳбари як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар як сохтмон буд. Пули сохтмонро аз корфармо гирифта ба муҳоҷирон медиҳад, вале корфармо биноро қабул намекунад ва мегӯяд, ки пулро баргардонанд. Ҳамин хел шикоятҳо доштааст, вале касе ба худкушии ӯ бовар надорад", - гуфтааст ӯ.

Ҳанӯз сабаби марги ин муҳоҷири тоҷик маълум нашудааст.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Иркутск ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, ки тасмим доранд, рӯзи 17-уми декабр ҷасадро ба Душанбе фиристанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.