Дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Чанок 14 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он боздошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали IRS, ки корҳои хидматгузории ин роҳро ба уҳда дорад.
Ба иттилои манбаъ, айни замон роҳ муваққатан баста шуда, аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард мешавад.
Дар ширкат зикр карданд, ки тармаи бузургтарин дар километри 65-уми роҳ фаромадааст, ки зиёда аз 15 метр баландӣ ва ҳудуди 300 метр паҳноӣ дорад.
“Аз ин рӯ, дар мувофиқа бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт то бартараф намудани оқибатҳои тармафароиҳо қатъ карда шавад”, - гуфтанд дар ширкат.
Дар IRS ҳамчунин хабар доданд, ки пас аз тозакунии қитъаи роҳи аз 62 то 72-ум километр, 25 автомашинаи дар ин қитъа дармонда ба Душанбе раҳсипор шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста