Дар  Маркази табобатиии «Оби шифобахш»-и  шаҳри Ваҳдат аз  гази «пропан», ки дар таркиби оби мазкур мавҷуд будааст,  таркиш ба амал омадааст.  Дар натиҷа 6 нафар  ҷароҳат  бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Бино ба иттилои КҲФ, аз таркиши ногаҳонӣ  дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, деҳаи Чилламазори Ваҳдат  чанд ҷойи бадани ин шаш нафар сӯхтааст,  вале то ҳол маълум нест, ки онҳо беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим.

Ба иттилои манбаъ, дирӯз мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии КҲФ ҳамроҳ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ шудаанд.

Ташхис нишон додаас, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст. Инчунин иллати таркиш пурра омӯхта шуда истодааст. 

Таркиш соати 22:00 рӯзи 3-уми январи соли 2022 рух додааст.

 Хотиррасон мекунем , ки ПРОПАН (анг. Propane) аз ҷумлаи газҳои табиӣ буда, бӯй надорад, вале ба гази техникӣ метавонад унсурҳо ва пайвастагиҳое ҳамроҳ шаванд, ки газро бӯйдор кунанд.

Ва чун навъии газҳои карбогидридӣ сӯзанда ва инфиҷорёбанда мебошад. Чандон зиёд заҳролуд нест, вале ба системаи марказии асаб таъсири хатарнок дошта метавонад. Ин газ ҳамчунин метавонад дар  баъзе мавридҳо боиси заҳролудшавӣ, қайкунӣ шавад ва ҳатто ҳодисаҳои аз заҳролуд шудан ба ин газ, фавтидани одамон сабт шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.