Боришоти зиёди борону барф дар рӯзи 6 январ ба ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг мушкил эҷод карда, роҳ муваққатан баста шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, дар километри 92-юми роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг, дар наздикии деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони ВМКБ боридани барфи зиёд ба тармафароӣ боис гардида, роҳро баст.

Барои бартараф намудани оқибатҳои офат кормандони хадамоти нигаҳдории роҳҳои Вазорати нақлиёт ва техникаи махсус ба ин қитъа сафарбар шудааст.

“Айни замон корҳои тозакунии роҳ идома дошта, роҳ муваққатан баста  аст”, - зикр мешавад дар хабари Кумита.

Ёдрас мекунем, ки имрӯзҳо дар роҳҳои мошингарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма ва барфреза боқӣ мемонад. Кумита аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, ки эҳтиёткор бошанду ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.